<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Am</key>
<hymn_number>187</hymn_number>
<title>Эй Худои ман, Худои меҳрубон Хд187</title>
<lyrics>[V1]
.Am             C     Em
 Эй Худои ман, Худои меҳрубон,
.Am           Bm         Em
 Ҳар саҳар аз дил талаб дорам Туро.
.Am                 C     Em
 Ҷисми ман пазмону ҷонам ташнаат,
.Am           Bm            Em
 Ман ба нақди ҷон харидорам Туро.

[C1]
.  C       G       Am      Em
   Ташнаи рӯи Туям ман, эй Худо,
.  Am         Bm             E
   Ҷонам аз дидори Худ сероб кун.
.  C          G     Am       Em
   Ин замини хушкро бо меҳри Худ
.  Am             Bm
   Соабз гардон, хурраму шодоб кун.

[V2]
 Аз ҳаётам беҳтар аст эҳсони ту,
 Эй Худо, эй Кирдигори лоязол.
 Дар макони қудс дидам ман Туро,
 Эй Худо, эй соҳиби ҷоҳу ҷалол.

[C2]
   Дар тамоми умр хоҳам хонд ман
   Аз дилу аз ҷон муборак номи Ту.
   Шодмон лабҳои ман аз мадҳи Ту,
   Ҷон бинӯшад ҷуръаҳо аз ҷоми Ту.

[V3]
 Шаб ба бистар меравам бо ёди Ту,
 Дар тамоми шаб хаёлат дар сарам.
 Ту мададгори манӣ, эй Шоҳи ман,
 Сояи боли Ту бошад бистарам.

[C3]
   Шод кун ҷони ман ба Ту маро, Парвардигор,
   Чунки ҷони ман ба Ту часпидааст
   Дар паноҳи лутфи Ту оромишест,
   З-ин сабаб он ҷо чунин хуспидааст.

[V4]
 Қасди нобудии ҷонам гар кунанд,
 Ҷояшон дар таҳти гӯристон бувад.
 Аз дами шамшерҳо мебигзаранд,
 Ҷонашон дар чанги шағолон бувад.

[C4]
   Дар Худо шодӣ кунад шоҳ инчунин
   Бо дили оганда аз ишқу умед.
   Гар таваккал бар Худо аз дил кунем,
   Пеши рӯи мо бувад роҳи сафед.

[C5]
   Баста гардад фитнаҷӯёнро даҳон,
   Чашмҳошон кӯр гардад аз дурӯғ.
   Фахр дорам бар Худои хеш ман,
   Чашмам аз файзаш ҳамеша пурфурӯғ.</lyrics>
</song>